Дар рейтинги навшудаи «беҳтарин шинсономаҳо» (Individual Passport Power Rank) Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Гаити зинаи 148-умро ишғол кардааст. Шиносномаи хориҷии тоҷикӣ ба сафар бидуни раводид ба 54 кишвари ҷаҳон имкон медиҳад.
Мувофиқи рейтинги таҳияшуда аз ҷониби ширкати консалтингии канадагии Arton Capital, шаҳрвандони Тоҷикистон ба 31 аз ин давлатҳо бидуни раводид ворид шуда, ба 23 кишвари боқимонда бо расидан ба ин кишварҳо раводид мегиранд.
Пешсафи ягонаи рейтинг Сингапур аст, ки бо шиносномаи ин кишвар бидуни раводид ё зимни расидан гирифтани он метавон ба 169 кишвари дунё сафар кард. Зинаи дуюмро Олмон (158) ва мақомҳои сеюму чорумро Шветсия ва Кореяи Ҷанубӣ (157 кишвар) касб кардаанд.
Шиносномаҳои Ироқу Покистон (26 кишварӣ), Сурия (29) ва Афғонистон (22) заифтарин номбар шудаанд. Дар паҳнои пасошӯравӣ аз ҳама бештар ба кишварҳо (149) бидуни раводид сокинони Литва ва Латвия рафта метавонанд. Дар зинаҳои баъдӣ Эстония (148), Украина (120), Русия (108), Гурҷистон ва Молдова (105-ӣ) ҷойгир шудаанд.
Сокинони Озарбойҷон (64), Арманистон (59), Қирғизистон (58), Тоҷикистону ва Ӯзбекистон (54-ӣ) ва Туркманистон (48) низ нисбатан шиносномаҳои заиф доранд.
Рейтинг дар маҷмӯъ 199 кишвари дунёро фаро гирифтааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста