Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, барои рӯи саҳна овардани намоишномаи «Фарҳод ва Ширин»-и Алишер Навоӣ ба шаҳри Тошканд меравад.

Дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ ӯ изҳор доштааст, ки ба хотири гирифтани визаи Ӯзбекистон ба Душанбе омадаааст, «зеро, як моҳ фурсати рухсатӣ дорам ва бо даъвати театри ба номи Муқимии шаҳри Тошканд мехоҳам дар он ҷо намоишномаи “Фарҳод ва Ширин”-и Алишер Навоиро рӯи саҳна биоварам».

Коргардон зикр кардааст, ки тӯли ин солҳо асарҳои зиёди сиёсиву иҷтимоиро рӯи саҳна гузоштааст, аммо ҳоло мехоҳад асари театрии ошиқонаеро таҳия созад.

«Вале на “Ромеа ва Ҷулетта”, балки алоқамандам асари ошиқонаи шарқиеро рӯи саҳна биоварам, - гуфтааст ӯ. -  То дар баробари қаҳрамонҳои асар ба умқи он ғӯта бизанам, бихандаму кӯҳканӣ кунам ва фидоии ишқ бошам. Ба ин далел худро барои таҳияи намоишномае чун “Фарҳод ва Ширин” омода медонам».

Дар робита ба рӯи саҳна овардани ин асар дар театрҳои Тоҷикистон ӯ посух додааст, ки феълан аз 14 театри кишварҳои мухталиф даъватнома дорад, ки ин ё моҳи дигаре он ҷо барои кор биравад.

«Ҷое бояд рафт, ки он ҷо даъватат мекунанд, - гуфтааст ӯ. - Ман наметавонам дари хонаи касеро бикӯбаму бигӯям, ки ман наздат омадаам. Ҳар ҷое, ки меравам, қаблан даъватам мекунанд, занг мезананд».