Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 21 декабри соли равон ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Душанбе дубора шурӯъ менамояд.
Тавре котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод, парвозҳо дар ин хатсайр як маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои панҷшанбе тавассути самолёти Boeing 737– 300 сурат гирифта, соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе - 17:20 ва арзиши билет – 2092 сомонӣ муқарррар шудааст.
«Ширкат ба нақша гирифтааст, ки шумораи парвозҳоро зиёд намуда, дар ин самт корҳои ташкилӣ фаъолона идома доранд, - гфт сухангӯи ширкат. - Васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад».
Зимнан зикр гардид, ки хоҳишмандон барои дастрас намудани чипта метавонанд ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ҳавопаймоии кишвар ва инчунин ба нуқтаи фурӯши билетҳо дар ошёнаи якуми бинои «Тоҷик Эйр» муроҷиат намоянд.
Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин пешниҳод менамояд: Алмаато, Бишкек, Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, ҳамчунин Хуҷанду Хоруғ.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста