Бори нахуст се ҳафта пеш аз Соли нави мелодӣ ба гузоштани арча оғоз карданд.
Дар майдони асосии Тоҷикистон - «Дӯстӣ» корҳои васлу насб ва гузоштани арчаи 25-метраи солинавӣ шурӯъ шуд.
Бино ба дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ арчаи асосии солинавии шаҳри Душанбе бояд то 10 декабр гузошта шавад.
«Бори нахуст бо ташаббуси мақомоти шаҳрдорӣ арчаи светодиодӣ гузошта шуда, баландии арчаи солинавӣ 25 метр ва масоҳаташ 12,5 метрро ташкил хоҳад дод», - гуфт муовини директори муассисаи давлатии рекаламаи берунӣ ва ороиши пойтахт Шарофиддин Талабов.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки арчаҳои ба ин монанди нисбатан хурдтар дар чор ноҳияи шаҳр - майдони «800-солагии Маскав, назди Театри опера ва балет, дар боғи Дӯстии халқҳо ва наздикии Прокуратураи генералӣ низ гузошта мешаванд.
«Дар ин ҷойҳо ҳамзамон экрнаҳои плазмавӣ гузошта хоҳанд шуд, ки консерти идона аз майдони асосиро намоиш медиҳанд», - гуфт ӯ ва қайд кард, ки «қариб дар ҳамаи биноҳои шаҳр корҳои зебу ороиш ба иҷро мерасанд».
Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, 31 декабр, шаби соли нав дар майдони марказии Дӯстӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик консерти идона доир гардида, дар анҷоми он 5 дақиқа мушакафканӣ (фейерверк) сурат мегирад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта арчаи солинавии 20-метра чанд рӯзе пеш аз фарорсаии Соли нав ва соли 2015 бошад, санаи 30 декабр гузошта шуда буд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста