Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, равуо дар ҳама гуна навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ барои нафақахӯрони синни аз 75-сола боло бепул мешавад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе қабул мешавад.
Гуфта мешавад, аз 15 декабри соли 2017 ба истиснои таксӣ, хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, аз ҷумла маршруткаҳо дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шавад.
Ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, МД коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» якҷо бо корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1, 2, 3», «Троллейбус» ва ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳамлу нақли мусофиронро амалӣ менамоянд, дастур дода шудааст, ки ҷиҳати амалӣ сохтани ин қарор тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бино ба маълумоти оморӣ, айни замон дар шаҳри Душанбе 9 ҳазору 91 нафар сокини синнусолаш аз 75 боло ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар ин робита хабар доданд, чипатаи имтиёзнок ба нафақахӯрони синнусоли аз 75-сола боло дар шуъбаҳои таъминоти иҷтимоии маҳалли зисташон дода мешавад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста