Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамаи операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) доир ба қатъи дастрасӣ ба NGN-телефония дастур додааст.
Дар мактуби ба дасти «Азия-Плюс» расидаи Хадамоти алоқа, ки санаи 18 декабр ба ширкатҳои «Тоҷиктелеком», «ТТ Мобайл», «Таком-Билайн», «Индиго Тоҷикистон», «Вавилон М», «Вавилон Т», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоджи», «Коминтел» фиристода шудааст, зикр мегардад, ки Хадамоти алоқа ҳамаи иҷозатномаҳо барои истифодаи NGN-и ин ширкатҳоро бекор мекунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар муддати панҷ рӯз ширкатҳо ва мақомоти назоратӣ бояд дар бораи иҷрои ин дастур ҳисобот диҳанд. Дар ҳамин ҳол, дар матни мактуб саҳеҳ нишон дода намешавад, ки NGN танҳо барои IP-адресҳои хориҷӣ ё ба ҳама навъи NGN қатъ карда шавад.
«Аввал дар бораи қатъи NGN танҳо барои IP-адресҳои хориҷӣ нома расида, баъдан ин дастур пайдо шуд. Айни замон дақиқан маълум нест, вале ба ҳар ҳол, дар дастур қайд шудааст, ки иҷозатнома ба қисмате аз хизматгузории NGN қатъ шавад. То ҷое, ки ман огаҳам, акнун талаб мекунанд, ки замимаи мобилӣ умуман кор накунад», - гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкатҳои мобилӣ.
Дар ҳамин ҳол, коршиноси технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушд Асомуддин Атоев мегӯяд тасмими бастани NGN ва эҳтимоли қатъи мессенҷерҳо ба сиёсати давлатии рушди устувор мухолиф буда, бар асари қабули чунин қарорҳо сол то сол бозори телекоммуникатсионии кишвар коҳиш меёбад ва кам шудани шумори корбарон ва поинравии ҳаҷми даромади бозор гувоҳи он аст.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Кумитаи андози Тоҷикистон низ бо ирсоли як нома ба унвонии раисиҷумҳури кишвар барномаҳои мухобиротии интернетиро сабаби кам шудани нақшаи ҷамъоварии андоз номидааст.
Кумита дар ин нома батафсил навиштааст, ки бахши аъзами гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи «Скайп, «Вайбер», «Ви Чат», «ИМО», «Чӣ Гап», «ОК», «VK» ва «Инстаграм» сурат мегиранд. Ҳамчунин аз алоқаи навъи NGN ёдоварӣ шуда, ки ба гуфтаи муаллифони ин нома, «аз алоқаи муқаррарии байналмилалӣ 10 маротиба арзон аст».






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста