Дар ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Комиссияи “Ҳаҷ-2017” бо ҳузури муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дастур дода шуд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон доир ба хоҳиши адои маросими ҳаҷ шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни ҷаласа зикр шуд, ки дар ин мавсим ҷиҳати адои ҳаҷ 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ интиқол дода шуда, ба онҳо аъзои гурўҳи корӣ, ҳайати табибон ва роҳбаладони интихоб ва хизмат расонида, дар маҷмӯъ, ин чорабинӣ дар сатҳи муносиб ташкил карда шуд.
«Дар қатори муваффақиятҳо баъзе камбудиҳо, ба монанди саривақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархӯрдор набудани баъзе аз роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба ҳаҷ сафар намудани шаҳрвандон мушоҳида гардид ва боварӣ дорем, ки масъулин дар ин самт камбудиву норасоиҳоро бартараф намуда, ба зоирини тоҷик шароити хуб ва хизматрасонии беҳтарро дар мавсими “Ҳаҷ-2018” ташкил менамоянд», - қайд кардааст муовини сарвазир.
Гуфта мешавад, инчунин таъкид шудааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нигаронкунанда зимни гузаронидани машғулиятҳо ба зоирин фарқияти мафҳуми “хобгоҳ” аз “меҳмонхона”, гуногунӣ ва миқдори хўрок дуруст фаҳмонида шавад, то дар сафар боиси нороҳатии онҳо нагардад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста