Зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода бо намояндаи сафорати Япония дар Тоҷикистон Тотомохиро Накагаки раиси вилоят ба сафорати ин кишвар пешниҳод кард, ки масъалаи роҳандозии муносибатҳо миёни шаҳри Қӯрғонтеппа ва яке аз шаҳрҳои Япония дар шакли «бародаршаҳрҳо» баррасӣ шавад.
Тавре аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Гулмаҳмадзода ба сафорати Япония барои кумаки доимӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, беҳтар намудани ҳолати заминҳо, сохтмони роҳҳои мошингард ва таъминот бо об миннатдорӣ изҳор кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи таъмини бемористони касалиҳои сироятии ноҳияи Данғара ва дигар муассисаҳои тандурустии вилоят бо таҷҳизоти тиббӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, Гулмаҳмадзода аз сафорат барои Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа кумаки техникӣ дархост намуд.
Дар навбати худ, Тотомохиро Накагаки ба раиси вилоят итминон дод, ки ҳамаи пешниҳодҳои ӯро баррасӣ ва баҳри тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста