Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, меҳмонон ва сокинони пойтахт бунёд мегардад.

Гуфта мешавад, сохтмони боғи мазкур пурра аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузорӣ шуда, макони сохтмони он дар майдони 14 гектари назди бинои Шӯрои уламои Тоҷикистон воқеъ мебошад.

Дар қаламрави боғ аз ҷумла сохтмони 21 айвони суҳбату муошират, 2 қаҳвахона, 1 майдони варзишӣ, 1 картодром, гулгашту фаввораҳо ва ғайра дар назар аст.