Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Баҳри амалисозии Лоиҳаи барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунӣ дар водии Зарафшон ба маблағи 16,5 миллион доллари ИМА созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.
Лоиҳа аз ҷониби Фонди мақсадноки Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шуда, ба деҳқонони ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қисмати шимолии Тоҷикистон барои зиёд намудани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани воситаҳои зиндагии худ имконият фароҳам меоварад.
Ҳидает Бишчевич, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ин робиа қайд кардааст: “Лоиҳа дараҷаи дастрасии маҳсулоти озуқавориро барои аҳолии деҳоти водии Зарафшон баланд бардошта, ба ин восита ба ҳадафи умумиҷаҳонии беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад. ИА ҷонибдори рушди деҳот дар Тоҷикистон ва махсусан дар водии Зарафшон буда, аз равиши дастгирии дарозмуддат ва фарогири иқтисодиёти маҳаллӣ дар деҳот истифода мебарад”.
Аз майдони умумии заминҳои эҳтимолан обёришаванда дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, тақрибан 40 фоизи он айни замон барои парвариши зироатҳои камҳосили лалмии ҷав, гандум ва зироатҳои равғанӣ истифода мешавад. Обёрии бесамар ба имконияти деҳқонон дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ё гузариш ба парвариши зироатҳои дорои арзиши бештар, монеагӣ мекунад.
Нигоҳубини ба таъхир андохтаи наҳрҳои асосӣ ва истгоҳҳои обкашӣ, таҳшиншавии қум дар инфрасохтори обёрӣ, таъмини беэътимоди нерӯи барқ, ва таҷҳизоти обкашии фарсудашуда баъзе аз сабабҳои обёрии камсамар ва талафоти об дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Лоиҳаи барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунӣ дар водии Зарафшон инфрасохтори барои идоракунии самарабахши обёрӣ ва захираҳои об заруриро тақвият мебахшад. Дар доираи лоиҳа барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, чорабиниҳои муҳим барои муҳофизат аз обхезӣ ва асосноккунии техникию иқтисодӣ барои такмилдиҳӣ ва таҷдиди шабакаҳои обёрӣ маблағгузорӣ мегарданд.
Ғайр аз ин, чорабиниҳои лоиҳавӣ дар татбиқи ислоҳоти афзалиятноки соҳаи обёрӣ дастгирии иститутсионалӣ пешниҳод намуда, иқтидори институтсионалии Агентии беҳдошти замин ва обёриро ҷиҳати эътино ба обхезӣ ва ярч тақвият мебахшанд ва Ассотсиатсияҳои навташкилшуда ва мавҷудабудаи истифодабарандагони обро дастгирӣ мекунанд.
“Таваҷҷуҳи махсус ба рушди минтақаҳои деҳот ва бунёди иқтисоди деҳот тавассути ислоҳоти инфрасохторӣ ва институтсионалӣ ба таъмини мардум бо имкониятҳои беҳтари иқтисодӣ мусоидат намуда, ба минтақаҳои камбизоати кишвар даромади иловагӣ медиҳад,” - илова кардааст Ян-Петер Олтерс, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. - Лоиҳаи мазкур ба барномаи бисёрсолаи фарогири ислоҳот, ки Ҳукумати Тоҷикистон онро оғоз намуда буд такя карда, ба ташкили низоми самаранок ва устувори идоракунии захираҳои об ва таъмини хизматрасониҳои обёрии босифат ба деҳқонони кишвар равона шудааст.”
Лоиҳа ҷузъи барномаи васеи рушди минтақаҳои деҳот, ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мегардад, маҳсуб ёфта, дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои об дар соҳаи сиёсат ва рушди институтсионалӣ ва бахши дастгирии ҷомеаҳоро, ки бояд дар ҳамон ҳавзаи дарё амалӣ гардад, дар бар мегирад.
Айни замон сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 19 лоиҳаро бо арзиши умумии 615,9 млн. доллари ИМА дар бар мегирад. Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирии Тоҷикистон омода аст, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста