Беш аз 100 нафар сокинони деҳоти тоҷикзабони вилояти Тошканд бо номаи саркушода дар бораи норасоии омӯзгорон дар мактабҳои маҳаллӣ ба сарони кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки ин масъала дар вохӯрии қарибулвуқӯъи президентҳо аввали баҳор баррасӣ шавад. Ин нома дар газетаи тоҷикзабони «Овози тоҷик»-и Ӯзбекистон нашр шудааст.
Муаллифони мактуб - сокинони ноҳияи Бӯстонлики вилояти Тошканд навиштаанд, ки агар ояндаи наздик мушкили омодагии омӯзгорони тоҷик ҳал нашавад, мактабҳои тоҷикзабони ноҳия метавонанд бе кадрҳои соҳибтахассус бимонанд.
Ба ақидаи журналисти маъруф, профессор Иброҳим Усмонов, мушкили норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мактабҳои ӯзбекзабони Тоҷикистон ва мактабҳои тоҷикзабони Ӯзбекистон баъди ба соҳибистиқлолӣ расидани кишварҳо рӯйи кор омада, аз талошҳои ҳукуматдорони расмии ду кишвар бобати дар мактабҳои олӣ омода намудани чунин кадрҳо натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашуд.
«Дар тамоми ҷаҳон мушкили таълими аққалиятҳои миллӣ бо забони модариашон дар ҳамкорӣ бо ҳамон кишваре ҳал мешавад, ки забони онҳо дар он давлатӣ бошад, - қайд кард Усмонов. - Омодакунии кадрҳо барои мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон дар Душанбе ва мактабҳои ӯзбекии Тоҷикистон дар Тошканд ба таҳкими бештари муносибатҳои ду кишвар мусоидат мекунад».
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар остонаи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки аввали баҳор дар назар аст, ҷонибҳо масъалаи ҷудо кардани квотаҳои таҳсил дар мактабҳои олӣ барои ҷавонони ҳарду кишварро баррасӣ мекунанд.
Дар назар аст, ки лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи табодули донишҷӯён, таҳсили ҷавонони ҳарду кишвар дар мактабҳои олии Тошканду Душанбе таҳия шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста