Чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҷашни Сада рӯзи 30 январ дар боғи фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод.
Чорабиниҳои таҷлили ҷашни Сада аз ҷониби Вазратҳои фарҳангу кишоварзӣ ва мақомоти шаҳрдории Душанбе ташкил карда мешаванд.
Дар ҷашни Сада барои сокинону меҳмонони пойтахт намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти бахши кишоварзӣ пешкаш гардида, фурӯши ниҳолҳо ва маҳсулоти ғизойӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин бо иштироки санъаткорони маъруфи ҷумҳурӣ Афзалшо Шодиев, Қурбоналӣ Раҳмонов, Муҳаррама Шарипова, ансамблҳои рақсии «Ҷаҳоноро» ва «Чаман» баргузории консертҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, рӯзи 30 январ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба муносибати ин ҷашн чорабиниҳои гуногуни идона доир мегарданд.
Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли гузашта ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.
Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.
Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста