Дар Душанбе бори нахуст таҳти унвони “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳии Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мешавад.
Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ санаи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баргузор мегардад.
Дар фестивали мазкур ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун симои (бренди) сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврӯз ба Тоҷикистон ташриф меоранд, муаррифӣ карда шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишварро ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Ин ба як механизми доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода шавад.
Боиси қайд аст, ки барои муаррифии Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, дар назар аст, ки имсол гуруҳҳои сайёҳон ба таҷлили ҷашни Наврӯз ба ҷумҳурии мо сафар мекунанд.
Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик мебошад.
Аз сӯи дигар Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳиси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста