Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон созишномаҳои муштараки ду лоиҳаи навро, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон бо маблағи 180 ҳазор доллар ба тасвиб расонид.
Дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) “Лоиҳаи барқарорсозии бинои муассисаи таҳсилоти умумии №94 дар деҳаи “Ҷангалобод”-и ҷамоати “Гулистон”-и шаҳри Ваҳдат ба маблағи 90,118 доллар ва Лоиҳаи сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии №31 дар деҳаи “Қарошура”-и, ҷамоати “Мукус”-и ноҳияи Лахш ба маблағи 89,946 доллар ба имзо расид.
Зимни суханрони дар маросими фавкузикр намояндагони воломақоми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон қайд намуданд, ки лоиҳаҳои Барномаи ҳукумати Ҷопон дар самтхои мухталифи саросари кишвар амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд ва инчунин, дар рушди устувори Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Мақомотҳои пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, изҳори сипос ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон намуданд ва ваъда доданд, ки ба ҳамаи ҳадафҳои тасдиқшудаи лоиҳаҳо мерасанд.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Тоҷикистон равона карда шудаанд.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 389 лоиҳаро ба маблағи умумии $31,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста