Бо қарори Росавиатсия муҳлати парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ зиёд шуда, аз ин ба баъд «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» зимни парвоз бояд аз дигар хатсайрҳои ҳавоии масофаашон нисбатан дарозтар истифода кунанд.
Дар мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки онҳоро аз қабули ин қарор рӯзи 7 март огоҳ намуда, қоидаҳои нав аз санаи 8 март ҷорӣ шудаанд.
Дар огоҳиномаи ба Тоҷикистон ирсолшуда аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия қайд мешавад, ки тағйири нуқтаҳои вуруд/хориҷ барои хатсайрҳои мунтазами ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба сершумор (сербор) будани ҳаракати ҳавопаймоҳо дар ин самти роҳ вобаста аст.
Роҳи хатсайрҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Самара, Новосибирск, Красноярск, Иркутск, Қазон ва Оренбург тағйир дода шуд.
Дар доираҳои марбут ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия бо хатсайрҳои пешина парвоз анҷом медиҳанд, ки акнун нисбат ба ширкатҳои тоҷикистонӣ афзалияти бештарро соҳиб мешаванд.
Масалан, аз рӯи хатсайри нав муҳлати парвози ҳавопаймои ширкати тоҷикистонӣ то Маскав ба ҳисоби миёна - як соат (тахминан 5 соат мешавад) ва шаҳри Санкт-Петербург - тақрибан 40 дақиқа зиёд мешавад.
«Ин қарор ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро дар вазъи нобаробар бо ширкатҳои русиягӣ мегузорад, ки роҳи хатсайрҳояшон иваз намешавад. Дар парвоз бо роҳи нави хатсайр ширкатҳои Тоҷикистон бештар сӯзишворӣ харҷ мекунанд», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки қабули қарори мазкур аз ҷониби Росавиатсия дар партави мушкилоти ахиран пайдошуда байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия сурат мегирад.
Қаблан парвози ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» аз Перм ба Душанбе манъ шуда, Тоҷикистон изҳор намуд, ки чунин иҷозатнома надодааст, вале ширкати русиягӣ бидуни иҷозатнома ба ин хатсайр билет фурӯхт. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи аз ҷониби Тоҷикистон ба парвоз иҷоза надодан, рӯзи 13 март парвози ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» тариқи хатсайри Перм - Душанбе иҷро нашуд.
Вазорати нақлиёти Русия дарҳол дар сомонаи расмии худ расман изҳор дошт, ки нисбати Тоҷикистон аз «тадбирҳои ба ин монанд» кор мегирад.
Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сабаби иҷозатнома надодан ба парвози ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии»-ро нобаробарӣ дар анҷоми парвозҳо шарҳ доданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста