Ӯзбекистону Тоҷикистон ният доранд, ки имсол на камтар аз 4 хатсайри равуои автобус байни кишварҳоро боз намоянд.
Бино ба маълумоти хабаргузории Подробно.uz, ин иқдом ба туфайли созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо дар бораи алоқаи автомобилӣ, ки зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид, имконпазир шуд.
«Мо ният дорем, ки имсол байни шаҳрҳои Тирмиз - Душанбе, Тошканд - Хуҷанд, Фарғона - Хуҷанд ва Самарқанд - Панҷакент ва як қатор хатсайрҳои дигар равуои мунтазами автобусҳоро ба роҳ монем», - гуфтааст муовини сардори Агентии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон Шоолим Шоваҳҳобов.
Ёдрас мекунем, ки парлумони Тоҷикистон рӯзи 19 март Созишнома бо Ӯзбекистонро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар тасдиқ карда, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон онро сарнавиштсоз номид.
Қобили зикр аст, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳанӯз санаи 14 март қарор дар бораи тасдиқи созишномаи мазкурро ба имзо расонида, аз 16 март шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бераводид ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд.
Дар созишномаи мазкур сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар бераводид ба муҳлати 30 рӯз пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин аз моҳи апрели соли гузашта баъди танаффуси 25-сола байни шаҳрҳои Тошканду Душанбе парвози мунтазами ҳавопаймоҳо роҳандозӣ шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста