Дар Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ симкортҳои махсус таҳия намуданд.
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқ якҷо бо ширкати мобилии «Tcell» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, симкортҳои махсус пешниҳод мегардад.
Зимни муаррифии симкорти мазкур қайд гардид, ки ҳангоми фаъол намудани сим-корт бо таври автоматӣ 50 дақиқа суҳбати ройгон, 100 мб Интернет ва 150 смс ё худ паёмакро дар худ дорад, ки сайёҳон метавонанд аз ин хизматрасонӣ ба таври ройгон ҳамчун туҳфа истифода намоянд.
Ҳамзамон, ҳангоми фаъол гардонидани симкорт маълумот бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи меҳмонхонаҳо, маконҳои тамошобоб, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, тарабхонаҳо, хизматрасонии таксӣ фиристода мешавад.
Дар фурудгоҳ сайёҳон бо тарзи хоса пешвоз гирифта шуда, аз меҳмоннавозии тоҷикона аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд. Инчунин, дар фурудгоҳ меҳмонону сайёҳон метавонанд, тавассути хизматрасонии ширкати мобилии «Tcell» аз интернети босуръати бесими Wi-Fi ройгон истифода намоянд.
Бояд қайд намуд ки симкортҳо барои сайёҳон тавассути ширкатҳои сайёҳӣ дар фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии нақлиётӣ пешниҳод карда шуда, бо нархҳои дастрас ва алоқаи босифати комуникатсионии байналмилалӣ таъмин карда мешаванд.
Дар баробари ин аз ҷониби ширкати мобилии «Tcell» тарофаҳои зиёд пешниҳод карда шуда, хизматрасонии интернетии босуръати 2G, 3G ва 4G пешниҳод карда мешавад.
Инчунин, барои симкортҳои мазкур «Call center»-и махсус барои мизоҷони корпоративӣ таъмин карда шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сайёҳӣ, дастрасӣ ба мавзеъҳои сайёҳиро осон ва васеъ намуда, сатҳи хизматрасониро бамаротиб боло мебарад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста