Имрӯз дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб маросими ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир баргузор шуд.
Маросими ҷанозаи шоир бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд. Сипас ҷасади шоирро барои ба хок супурдан ба оромгоҳи Лучоб оварданд.
Дар маросими видоъ бо шоир роҳбарони мақомоти давлатӣ, зиёиён, аҳли ҷомеа ва ҳаводорони зиёди шоир ҳузур доштанд. Ба маросими видоъ бо шоир ёварони президенти ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Асадулло Раҳмон роҳбарӣ карданд. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ низ барои гусели шоир ба роҳи охират омада буд.
Ҷасади шоири маъруф паҳлӯи дигар шоирони шинохтаи тоҷик - Лоиқ Шералӣ ва Ғаффор Мирзо ба хок супурда шуд.
Зимни ёдоварӣ аз кору зиндагии марҳум раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим изҳор намуд, ки шоир мардуми сарзамини худ ва Ватанро хеле дӯст медошт ва тамоми осораш саршори ин гуна афкор аст.
«Дар ин кор барои бисёре аз мо ӯ намунаи ибрат буд. Бале, Бозор даргузашт, вале ашъори ӯ ҷовридона боқӣ хоҳад монд. Наслҳои нави қаламкашони Тоҷикистон роҳи ин фарзанди бешак барӯманди тоҷикро идома хоҳанд дод», - иброз дошт номбурда.
Яке аз дӯстони Бозор Собир зикр кард, ки вақте шоир аз ИМА бба ватан омад, чунин гуфта буд: «Ман барои мурдан ин ҷо омадам. Мехоҳам, ки дар ватан гӯручӯб шавам. Ба гуфтаи ӯ, «ба Тоҷикистон овардани ҷасади шоир тантана ва пирӯзии ақли солим аст».
Пас аз маросими гурӯчӯб одамон назди хонаи шоир омада, ба арвоҳаш дуову фотиҳа карданд. Наздикони марҳум ба ҳамаи онҳое, ки ба маросими видоъ бо шоир иштирок доштанд, миннатдорӣ изҳор карданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста