Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 19 май дар Душанбе маросими видоъ бо шоири шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат доир гардид.
Мӯъмин Қаноат рӯзи 18 май дар манзилаш аз олам даргузашт. То ба синни 86-солагӣ расиданаш ҳамагӣ ду рӯз монда буд.
Ба гуфтаи наздикони шоир, тайи ду моҳи охир Мӯъмин Қаноат аз беморӣ азият кашида, дар ду рӯзи пеш аз марг вазъи солимиаш хеле бад шудаааст ва нимаи дуюми рӯзи 18 май аз олам даргузашт.
Баъди ҷаноза дар масҷиди марказии пойтахт ҷасади шоир дар оромгоҳи Лучоб, паҳлӯи қабри Бозор Собир ба хок супурда шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт.
Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.
Номи нек ва осори ватандӯстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд».




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста