Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги арзёбии роҳҳои мошингардро дар 137 кишвари саросари дунё ба нашр расонид.
Муаллифони рейтинги «Сифати роҳҳо» вазъи зербинои роҳҳои мошингардро дар ин ё он кишвар тибқи ҷадвали аз 1 то 7 балл арзёбӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз кишварҳо балли олиро соҳиб нашудааст.
Бо касби 4,1 балл дар рейтинги мазкур Тоҷикистон дар зинаи 70-ум қарор дорад.
Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Озарбойҷон (зинаи 36-ум), Литва (37-ум) ва Эстония (38-ум) дар зинаи аз Тоҷикистон баландтари рейтинг ҷой гирифтаанд.
Гурҷистон дар мақоми 82-юм, Арманистон – 85, Латвия – 107, Россия – 114, Қазоқистон – 115, Қирғизистон – 122, Молдова – 128, Украина – 130 қарор доранд. Дар бораи Ӯзбекистон, Туркманистон ва Беларус маълумот дода нашудааст.
Зербинои роҳҳои мошингарди АМА, Сингапур, Швейтсария, Гонконг ва Нидерланд дар рейтинг беҳтарин арзёбӣ шуда, бадтарин роҳҳо дар Мавритания, Конго, Гаити, Мадагаскар ва Гвинея ба қайд гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷуз қаламрави ВМКБ, зербинои қариб ҳамаи роҳҳои Тоҷикистон, таъмиру навсозӣ шуданд. Роҳҳои мошингарди ВМКБ ҳанӯз замони иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шуда буданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста