Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳукм нисбати рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ба раванди рушди озодии баён ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ халали ҷиддӣ ворид месозад.
Дар сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар робита ба ҳукумисодиршуда нисбати Хайрулло Мирсаидов Изҳороти расмӣ нашр шудааст, ки дар зер манзуратон мегардонем:
«Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон нигаронии шадиди худро дар робита ба таъини ҷазои сангин, ба 12 соли зиндон маҳкум шудани рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Хайрулло Мирсаидов изҳор медорад.
Шӯрои ВАО бар ин назар аст, ки дар ҷомеаи демократӣ ҳама гуна амалкарди хилофи қонун бояд қобили ҷазо бошад, вале бояд мурофиаҳои судӣ бар пояи арзишҳои инсонӣ, умумибашарӣ ва риояи қонун баргузор гардида, қарорҳои одилона содир намояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мурофиавии ҷумҳурии демократихоҳи мо низ ин амрро ба хотири арҷгузорӣ ба арзиши олӣ – ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, зарурӣ ҳисобидааст. Аммо қазияи Хайрулло Мирсаидов, ки дар асл ба баҳсҳои молӣ ва дар пайи он ба кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти болоӣ ба зуҳуроти тамаъҷӯёнаи коррупсионӣ дар мақомоти давлатии иҷроияи маҳаллӣ дахл дошт, тасаввуре ба бор меоварад, ки дар ҷараёни тафтишот ва минбаъд мурофиаи судӣ, тобиши як навъ ниқоргирӣ ва муҷозот барои ифодаи ақидаи шахсиро пайдо карда бошад.
Мо қарори судро ба баррасӣ кашиданӣ нестем, вале ҳамзамон меъёри ҷиноятии интихоб намудаи мақоми судӣ дар нисбати кирдори бармало хусусияти иқтисодӣ доштаи Хайрулло Мирсаидовро наметавонем ҷавобгӯ ба риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва муқаррароти одилонаи қонунҳои кишвар ҳисобем. Зеро ба назари мо, барои аъмоли ѓайриқонунии асли иқтисодӣ дошта содир намудани чунин ҷазои сангин, ки ба кирдорҳои ҷиноӣ хос аст, дар ҷомеаи мардумсолорӣ бешак, адолати судиро зери суол мебарад. Дар ҷараёни таҳқиқ ва мурофиаи судӣ нодида гирифта шудани ҷиҳати дигари қазияи Хайрулло Мирсаидов, ки аз кӯшиши пешгирии амалҳои хислати корупсионидошта маншаъ гирифта, амали ифодагари мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ бояд пиндошта мешуд, боварию эътимоди рӯзноманигорон ва аҳли ҷомеаро ба волоияти озодии баён ва ҳаққи танқиди зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар давлати демократияхоҳамон низ мекоҳонад.
Аз ин ҷо, мо бо изтиробу нигаронии зиёд таъкид намуданӣ ҳастем, ки ҳукми сангини судӣ дар нисбати Хайрулло Мирсаидов дар баробари халали ҷиддӣ ворид намудан ба раванди рушди озодии баён, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодина шудани арзишҳои мардумсолорӣ дар кишварамон, ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон, ба обрӯву нуфузи давлат ва ҳукумати кишварамон латма ворид месозад.
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон умедворӣ дорад, ки зинаҳои болойии судӣ дар бозбинии ин ҳукм мӯшикофона амал карда, бо назардошти хидматҳои ҷамъиятии Хайрулло Мирсаидов, дар нисбати ӯ қарори адолатнок қабул менамоянд».
Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ҷониби ҳимояи Мирсаидов ҳукмро «ҷазои ниҳоят сангин» дониста, ният доранд, ки аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят баранд. Дар ҳамин ҳол, адвокат Дилафрӯз Самадова қайд кард, ки суд гуноҳи Мирсаидовро дар ҳеҷ кадоме аз айбномаҳои пешниҳодшуда исбот накард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Как выбрать SPF-крем: 7 трендов и советы таджикского дерматолога для идеальной защиты кожи
Как понять, правильные ли подгузники ты выбираешь для своего ребенка?
Как Ленинградский театр комедии в годы ВОВ работал в Душанбе
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста