Аз ҳаҷравандагони Тоҷикистон имсол бори нахуст пеш аз сафар барои адои маросими ҳаҷ изи ангуштонашон (дактилоскопия)-ро мегиранд.
Тавре сухангӯи Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Афшин Муқим хабар дод, изи ангушт дар Душанбе, марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлону Суғд ва аз зойирини ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ дар пойтахт гирифта мешавад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи дини ҷумҳурӣ, тибқи тартиби муқарраргардида имсол расмиёти марбут ба гирифтани изи ангушти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар мегарданд, дар дохили кишвар анҷом дода мешавад.
«Зимнан, ҳамасола чунин тадбири амниятӣ дар фурӯдгоҳҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ анҷом дода мешуд, ки боиси ташвиш ва издиҳоми зиёди ҳаҷравандагон мегардид. Аз ин лиҳоз, имсол бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ин тадбир дар худи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ карда мешавад», - омадааст дар маълумоти Кумита.
Имсол ҳудуди 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардида, гурӯҳи аввали зойирини тоҷик иборат аз 180 нафар 6 август ба Макка раҳсипор мешаванд.
Мувофиқи қарордод байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, имсол равуои тоҷикистониёнро ба адои маросими ҳаҷ ду ширкати ҳавопаймоӣ – “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва «Flynas»-и Арабистони Саудӣ таъмин мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2016 дар Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки шахсони синни аз 40-сола поин ба квотаи ҳаҷ дохил карда нашаванд. Ба ин васила Кумитаи умури дин кӯшиш мекунад, ки мушкилоти навбати хеле зиёди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷро ҳаллу фасл созад.
Соли равон арзиши адои маросми ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2017 ин рақам – ба 32 ҳазору 671 сомонӣ, соли 2016 – 28 ҳазору 649 сомонӣ баробар буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста