Барои ба хориҷи кишвар рафтани Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи 4-солаи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ҳеҷ гуна маҳдудияту манъкунӣ ҷорӣ нашудааст, изҳор намуд ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз ҷиҳати барои муолиҷа ба хориҷи кишвар бурдани ӯ ҳеҷ касе аз наздикон ё парасторони кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат накардаанд.
«Агар кӯдак ҳуҷҷати дахлдор ва шахси ҳамроҳ дошта бошад, ӯ дар ҳама гуна вақт метавонад аз қаламрави кишвар берун равад», - иброз дошт Улуғхоҷаев.
Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки модари кӯдак Мижгона Зайниддинова «ба сохторҳои дахлдори Тоҷикистон барои гирифтани шиноснома барои худаш ва кӯдаки бемораш муроҷиат накардааст».
Қобили зикр аст, ки дар портали Change.org ба дастгирии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида, созмондиҳандагони ин аксия иттилоъ медиҳанд, ки кӯдак аз бемории саратон азият мекашад, лекин ӯро барои ба табобат рафтан ба хориҷи кишвар иҷозат намедиҳанд.
«Иброҳими 4-сола дар дасти ҳукуматдорони тоҷик гаравгон шуд. Мо талаб мекунем, ки ба модари ӯ барои ба хориҷи кишвар ба муолиҷа бурдани ӯ иҷозат дода шавад», - изҳор мекунанд муалиифон. Тибқи маълумоти Payom.net, оилаи кӯдак ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент муроҷиат намуда, лекин аз ин натиҷае ҳосил нашудааст.
Руҳулло Тиллозода, падари кӯдак чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк карда буд. Ҳукуматдорон ӯро ба мисли раиси ҲНИТ дар дастгирии исёни мусаллаҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор медонанд. Гӯё бо супориши падараш Муҳиддин Кабирӣ ӯ ба генерал барои тайёрӣ ба ошӯби мусаллаҳона беш аз 1 млн. доллар маблағ додааст.
Зикр гардида буд, ки ҳуҷҷатҳои модари кӯдак Мижгона Зайниддинова гирифта шудааст. Дар бораи манъи ба хориҷа сафар кардани ӯ писари дигари пешвои ҲНИТ Муҳаммад Тиллозода хабар дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста