Кормандони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни Иди Қурбон рейд гузаронида, андоза ва “хоксорӣ”-и дастурхонро муайян мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон имсол санаи 21 август ҷашн гирифта мешавад.
“Дар доираи баргузории рейд дастурхони оростаи аҳолӣ санҷида мешавад, то ки ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ роҳ дода нашуда, дастурхон хоксорона бошад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин Афшин Муқим.
Ба гуфтаи ӯ, андозаи дастурхони идона то 1х1,5 метр муқаррар шуда, рӯи он бояд мева ва чанде аз навъҳои шириниҳои идона, аз ҷумла чагалдак ва орзуқ гузошта шуда бошад. “Хушкмева ҳам гузоштан боке надорад, лекин набояд хеле зиёд бошад”, - қайд кард ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки барои риоя нашудани ин қоидаҳо барои қонуншиканон 5 ҳазор ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2017 ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”тағйирот ворид шуда, ба аҳолӣ тавсия дода шуд, ки дар рӯзи ҷашнҳои Иди Рамазону Қурбон ба исрофкорӣ роҳ надода, дастурхони хоксорона ороянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста