Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз сифати сарулибоси мактабие, ки дар корхонаҳои пойтахт истеҳсол мешаванд, интиқод кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тибқи маълумот дар нимсолаи якуми соли 2018 дар шаҳри Душанбе 75 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Президент таъкид дошт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба талабот, ки 110 ҳазор донаро ташкил медиҳад, хеле кам мебошад.
«Волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либосҳои мактабӣ қаноатманд нестанд ва бо ин сабаб қисми зиёди либосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст», - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта мешавад, дар ин робита Сарвари давлат назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифа гузошт, ки дар масъалаи бо тарҳи замонавӣ ба роҳ мондани дӯхти либоси мактабӣ, таъмин намудани талабот ба он ва то оғози соли нави хониш ташкил кардани ярмаркаҳои фурӯши либосу лавозимоти хониш тадбирҳои саривақтӣ андешад.
Қобили зикр аст, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31-и пойтахт дар ду баст 3 ҳазору 120 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.
Сарвари давлат аз омӯзгорон даъват кард, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба сатҳу сифати омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста