Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дар давраи то охири моҳи август дар ҷумҳурӣ поинравии ҳарорат  то 3-5 дараҷа ва дар водиҳои вилояти Суғд – то 7 дараҷа пешбинӣ мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои ҷудогона ивази вазиши шамол аз самти шарқ ба ғарб то 10-15 метр дар як сония ва баъзан то 20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ва баъзе мавзеи кӯҳистони ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои тағйирёбанда ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои бебориш пешбинӣ шуда, лекин чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар Душанбе обуҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, вале ин ҷо ҳам чангу ғубор дар фазо боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 32-34 дараҷа ва шабона 17-18 дараҷа гарм мешавад.

1/4

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.