Ширкати “Рахш Такси” ба хотири ёдбуди сайёҳони хориҷии фавтида дар Тоҷикистон рӯзи 25 август таҳти унвони “Тоҷикистониён бо шумоянд” веломарафон ташкил мекунад.
Дар веломарафон ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд. Ҷамъшавӣ ва қайди иштирокчиён соати 7:00 дар автобазаи “Талко Персия” (дафтари кории “Рахш Такси”) баргузор мешавад.
Тӯли тамоми роҳ велосипедрононро қатораи автомашинаҳои ширкати “Рахш Такси”, мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва кормандони БДА ҳамроҳӣ мекунанд.
Дастандаркорони чорабинӣ ваъда медиҳанд, ки дар Данғара иштирокчиёни веломарафонро оши палави хушлаззат ва дигар зиёфатҳо интизор аст.
Дар ин рӯз ба хотири ёдбуди сайёҳони хориҷии фавтида дар амали террористӣ дар ҷумҳурӣ, дар Данғара ҳайкали велосипед гузошта мешавад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июл дар қаламрави ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла сурат гирифта, дар натиҷа чор нафари онҳо - ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсария ҳалок ва боз ду сайёҳи дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста