Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ бо дархости мавқуф гузоштани ҷорӣ гардидани қоидаҳои нави фурӯши симкортҳо бо тарифҳои нав, ки аз 1 сентябр пешбинӣ мешавад, муроҷиат намуданд. Онҳо умедворанд, ки ҷорӣ шудани қоидаҳои нави фурӯши симкортҳо то моҳи ноябр ба таъхир гузошта мешавад.
Аз Хадамоти зиддинҳисорӣ ба ширкатҳои мобилӣ алҳол посухи расмӣ нарасида, онро ояндаи наздик интизоранд.
«Мо ба ҳуҷҷатгузории худ барои фурӯши симкортҳо бо тарифи тасдиқшудаи 250 сомонӣ аз 1 сентябр фурсат намеёбем», - қайд кард ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкатҳои алоқаи мобилии кишвар.
Аз 1 сентябр ҳамаи ширкатҳои мобилии кишвар ба фурӯши симкортҳо бо тарифи тасдиқшуда ба маблағи 250 сомонӣ уҳдадор шуданд. Ғайр аз ин, ширкатҳои мобилӣ ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки ҷараёни бақайдгирии симкортҳоро бар асоси шиносномаҳои шарҳвандони Тоҷикистон (ё шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ) ба роҳ монанд.
Тариф барои иҷрои протоколи ҷаласаи муштараки чор ширкати мобилӣ: «Тcell», «ТТ-Мобайл», «Вавилон-Мобайл» ва «Таком» аз 8 августи соли 2018 ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2018 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ» муқаррар шудааст.

Мувофиқи тарифи тасдиқшуда, 250 сомонӣ нархи симкорт тариқи зайл муқаррар шудааст: 215 сомонӣ нархи пайвастшавӣ буда, 35 сомонӣ ба тавозуни муштарӣ дохил мешавад.
Дар шарҳи қарор зикр мегардад, ки дар сурати гум ё корношоям шудани симкорт, пардохти иловагӣ гирифта намешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста