Филиали Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон 70 нафар кӯдаки дорои маъюбият, волидайни онҳо ва кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳалро аз ноҳияи Айнӣ дар осоишгоҳи “Шоҳин” барои истироҳати якҳафтаина ба ҳам овард.
Лагери тобистона шоми рӯзи аввал бо афрӯхтани гулхан ба таври расмӣ оғоз гардид. Намояндагони Каритас Олмон, ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” ва осоишгоҳи “Шоҳин” зимни суханони пазироӣ ва ифтитоҳӣ зикр карданд, ки кӯдакони дорои маъюбият дар қатори кӯдакони бе маъюбият ба хизматрасониҳои тандурустӣ, таҳсилотӣ ва маишӣ ҳуқуқ ва дастрасии баробар доранд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба некӯаҳволии шахсони дорои маъюбият диққати махсус медиҳанд ва баимзорасонии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 шаҳодати гуфтаҳои болост.
Кӯдакони дорои маъюбият, ки боре ҳам аз ноҳия берун набаромадаанд, ба истиснои ба беморхона рафтан ва дар бисёр мавридҳо бинобар сабаби нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳниашон дар хона боқӣ мемонанд, воқеан вақти худро дар лагери тобистона хеле хуш гузарониданд.
Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд. Илова бар ин, дар соатҳои оромӣ барои волидайн машваратҳои равонӣ оиди тарбияи дурусти кӯдакони дорои маъюбият гузаронида шуданд.
Дар маросими хайрбод, ки шоми ахир баргузор гардид, кӯдакони дорои маъюбият ҳозиринро бо пешкаши маҳсулоти дастии худ, қироати шеъру сароидани сурудҳо ва намоиши саҳначаҳое, ки ҳангоми буду бошашон дар лагери тобистона омода ва аз худ карда буданд, шод намуданд ва барои иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳамгироии кӯдакони дорои маъюбият ба ҷомеа, рушди малакаҳои кӯдакон ва дастгирии ҳамдигар, инчунин беҳтар намудани малакаҳои волидайн дар мавриди нигоҳубини кӯдакони дорои маъюбият ҳадафи асоси лагери тобистона буд, ки дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ” (Лоиҳа) созмон дода шуд.
Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва КАРИТАС Олмон маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад.
КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон дар муддати 10 соли фаъолияташ дар кишвар беш аз 2500 шахси маъюбро дастгирӣ карда, 7 толори омӯзишӣ, 30 нуқтаи тавонбахшӣ, 28 ҳуҷраи бозӣ барои кӯдакон ва 6 ҳуҷраи машваратии мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ ифтитоҳ намуда, дар 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ низоми таҳсилоти фарогир ҷорӣ карда, дар 9 муассисаи таҳсилоти касбӣ барои таҳсилоти касбию техникии ҷавонони осебпазир шароити мусоид фароҳам оварда, наздики 400 кӯдаки маъюбро ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ шомил намудааст.
Ҳамчунин, бар асоси барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, 15 тренери миллӣ, 250 корманди тавонбахшӣ, 6 нафар мутахассиси забони имову ишора ва 370 нафар омӯзгор оид ба мавзӯҳои маъюбият ва таҳсилоти фарогир омӯзонида шуданд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста