Дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия рӯзҳои 6-10 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фаҳанги ҶТ, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо мақсади таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус гузаронида мешаванд.
Ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳо ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола» ва Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев «Парасту» шомиланд.
Дар доираи Рӯзҳо баргузории барномаҳои консертии устодони санъат ва ҷавонони болаёқат, намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши китобҳои тозанашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва муаррифии асарҳои як зумра адибони тоҷик ба забони русӣ дар назар аст.
Барномаи консертии маросими ифтитоҳи Рӯзҳо 7 октябр дар саҳнаи нави Театри калони академии Россия дар шаҳри Москва ва консерти дигар 8 октябр дар толори Театри Калони Драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд. Қабл аз барномаи консертӣ дар шаҳри Москва намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аккосӣ пешбинӣ шудаанд.
Намоиши аксҳо ва китобҳои тозанашр дар Китобхонаи давлатии Россия ва нишасти матбуотӣ ба шарафи Рӯзҳо дар Театри калони академии Россия пешбинӣ шудаанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста