Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 8-10 дараҷа поинравии ҳароратро дар ҷумҳурӣ баъди рӯзҳои истироҳат пешгӯӣ мекунад.
Аллакай аввали ҳафтаи оянда, 8 октябр борон ва баъзан барф борида, ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа поин меравад.
“Баъди 9 октябр боришот хотима ёфта, вале рӯз то рӯз ҳарорати ҳаво поин меравад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ.
Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе обуҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар буда, ҳарорат рӯзона 27 ва шабона 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ду рӯз ҳаво абрноку бебориш ва ҳарорат дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи якшанбе суръати вазиши шамол то ба 20-25 метр дар як сония расида, баъзан ҳаво чангу ғуборолуд мегардад.
Дар вилояти Суғд рӯзҳои истироҳат ҳавои абрнок, рӯзи якшанбе дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар кӯҳҳо (шабона дар баландии беш аз 2000 метр) боридани барф пешбинӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ рӯзҳои шанбе ва якшанбе баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, дар кӯҳҳо каме барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста