Кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт дар маросиме, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Ҳукумати Тоҷикистонро бо ба анҷом расонидани дуюмин Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ (ТТД) табрик гуфт.
Ҷаноби Кевин Ковертро дар маросими муаррифии натиҷаҳои ТТД-2017 Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омор ва хонум Саида Умарзода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
ТТД, пурсиши миллӣ дар бораи саломатии зан ва кӯдак, зуроварии хонагӣ мебошад, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад ва онро Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
Дар доираи пурсиши мазкур тақрибан бо 11 000 зани синну солашон аз 15 то 49 аз қариб ҳашт ҳазор хонаводаи саросари кишвар мусоҳиба гузаронида шуд.
Натиҷаҳои ТТД – 2017 тасмимгирандагонро бо пойгоҳи додаҳо ва таҳлилҳои муфид барои мураттабу таҷдид кардани сиёсати нав, ба нақшагирии барномаҳои муносиб ва назорату арзёбии барномаҳои мавҷуд таъмин менамояд.
Натиҷаҳои ТТД ва маълумоти иловагӣ оиди пурсиш ба наздикӣ дар сомонаи расмии Агентии омор: http://www.stat.tj ва дар сомонаи Барномаи “АРЗЁБИИ ТТД АЗ ҶОНИБИ USAID”: https://dhsprogram.com ҷойгир хощанд шуд.
Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакиест, ки амалӣ шудани он аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID, бо ҳамкории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардид.
Аз замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Ҳукумати ИМА барои дастгирии барномаҳои амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва рушди иктисодӣ бештар аз 1,8 миллиард доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.
USAID Агентии пешбари ҷаҳонӣ оид ба рушди байналмилалӣ мебошад, ки баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои рушди мусбӣ кору фаъолият менамояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста