Дар доираи амалисозии лоиҳаи “Сохтмони манзили дастрас” дар Душанбе нахустин бинои истиқоматӣ бо манзилҳои нархашон нисбатан арзон моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, сохтмони боқимонда ҳафт бинои истиқоматии дигари лоиҳа то охири соли оянда ба итмом мерасанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар фаъолияти КВД “Сохтмони манзили дастрас” норасоиву камбудиҳо ба қайд гирифта шуда, прокуратураи пойтахт ба санҷиши онҳо машғул шуд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ он замон дастур дода буд, ки дар мавриди барқарор намудани зиёни расида ба буҷети шаҳр аз фаъолияти ин корхона тадбирҳо андешида шаванд.
“Таҳлили муқоисавии фаъолияти КВД “Сохтмони манзили дастрас” нишон дод, ки раҳбарияти корхона аз шаҳрвандон маблағ гирифта, лекин қисмате аз он ба суратҳисоби корхона гузаронида намешуд, - хабар дода буд он вақт хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ. – Вобаста ба ин ҷиҳати баргузор намудани санҷиш ва андешидани тадбирҳо барои барқарор кардани зиён, ба прокуратураи пойтахт маводи дахлдор пешниҳод шуд”.
Ҳамон вақт роҳбари КВД Нурулло Наимов аз мансаб барканор шуда, Парвиз Абдураҳимзода роҳбари нави КВД “Сохтмони манзили дастрас таъин шуд.
Бино ба маълумоти дарёфтии “Азия-Плюс” аз прокуратураи Душанбе, имрӯз собиқ роҳбари КВД “Сохтмони манзили дастрас Нурулло Наимов ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шудааст.
Дар лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас» дар Душанбе таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо хонаҳо дар биноҳои серошёна бо нархҳои нисбатан арзон пешбинӣ мешавад.
Амалисозии лоиҳаи зикршуда бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида, тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 бояд манзилҳои аввал ба истифода дода мешуданд, лекин то имрӯз сохтмони хонаҳо ба итмом нарасидааст.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.
Минтруда Таджикистана предложило новые сферы для работы в Катаре
МОМ разработала бесплатный курс финансовой грамотности для трудовых мигрантов
Когда в Таджикистане наступит Навруз?
Мясные лавки в Душанбе: как продавцы устанавливают цены и чем недовольны покупатели?
Эмомали Рахмон посетит Россию с официальным визитом
В Таджикистане создана рабочая группа по борьбе с материнской и детской смертностью
Reuters: США возобновляют поставки Украине бомб GLSDB после их модернизации
Таджикистан намерен привлечь саудовскую ACWA Power к строительству солнечных электростанций
Сборная Таджикистана едет на «Большой шлем»-2025 в Грузию
Шаг назад. Как закрытие USAID повлияет на аграрный сектор Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста