Масъалаи ба Тоҷикистон интиқол додани ҷасади зане, ки бо се фарзандаш зери бинои харобгашта дар шаҳри Магнитогорск ҳалок шуд, дар ҳоли баррасӣ аст ва онҳо рӯзи шанбе ё якшанбе ба ватан оварда мешаванд. Дар ин бораи ба “АП” Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, ки дар ҷойи воқеа қарор дорад, иттилоъ дод.
Ба гуфти Сафар Сафаров интиқоли ҷасадҳо мушкил надорад ва ҳоло хатсайри парвоз ва вақти он мушаххас шуда истодааст. Аммо ӯ нагуфт, ки маблағи интиқолро кӣ пардохт менамояд.
“Ҳамааш ҳал шудааст ва муҳим нест, ки маблағро кӣ пардохт мекунад. Аз ҳама муҳим ҷасади модар ва се фарзанди ӯ ба ватан интиқол меёбанд. Шаҳрвандони мо муттаҳиданд ва омодаи кӯмак ҳастанд”, - гуфт С. Сафаров.
Як ҳамватани мо, ки дар Магнитогорск зиндагӣ мекунад ба “АП” гуфт, дар ин шаҳр наздики 10 ҳазор тоҷикистониён зиндагӣ мекунанд.
“Ҳамдиёрони мо ҳамдигарро хуб дастгирӣ мекунанд. Ин бори аввал нест, ки чунин фоҷеа рух медиҳад. Мо зуд маблағ ҷамъоварӣ менамоем ва барои интиқоли ҷасад кӯмак мекунем”,- гуфт ин ҳамватани мо.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки имрӯз пас аз намози ҷумъа, маросими ҷанозаи онҳо низ баргузор мегардад.
Дар ҳамин ҳол Сафар Сафаров иттилоъ дод, ки Шуҳрат Улфатов – падари ин хонадон, ки аз ин фоҷеа ҷон ба саломат бурд, дирӯз дар шифохонаи вилояти Челябинск такроран ҷарроҳӣ карда шуд.
“Ҳолати ӯ муътадил аст. Табибон ваъда доданд, ки имрӯз ӯро аз дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ҷудо мекунанд”,-гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки падари ин хонавода – сокини 26-солаи ноҳияи Кӯшониён Шуҳрат Улфатовро аз аввалинҳо шуда, дар зери харобаҳои бино дарёфтанд.

Бино ба маълумоти охир, аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 45 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 39 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд.
Субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста