Дар Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маркази баррасии арзу шикоятҳо ба фаъолият оғоз намуда, акнун муштариён дар мавриди чӣ гуна будани сифати таъмин бо интернет ба ин марказ муроҷиат карда метавонанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти мазкур дар ин робита иттилоъ доданд, дар сурати бо мушкилиҳо дучор шудан дар мавриди таъминот бо интернет корбарон бо телефони 60-60 метавонанд ба ин марказ муроҷиат намоянд ва Хадамот ваъда медиҳад, ки дар фурсати кӯтоҳ ба мушкилашон расидагӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳомчон Атоев изҳор дошт, ки ояндаи наздик суръати интернет дар кишвар боло ва сифати он беҳтар шуда, ҳамчунин интернет арзон хоҳад шуд.
“Соли гузашта ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал)-ро аз 10 то ба 20 Гигабит зиёд кардем. Аллакай моҳи март он то 50 Гигабит меафзояд. Ҳамчунин дар ҳамин моҳ поинравии нархи интернет дар назар аст”, - қайд кард Атоев.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи ноябри соли 2017 зери назорати оператори давлатии “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсионӣ таъсис дода шуда, ҳамаи трафикҳои воридотиву хориҷшавандаи хизматгузориҳои байнулмилалӣ тариқи он мегузаранд. Тамоми трафики интернет барои ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет ва ширкатҳои мобилӣ тавассути он пешниҳод шуда, мустақилона харидани интернет аз кишварҳои ҳамсоя ба ширкатҳои тоҷикистонӣ манъ шуд.
Ахиран корбарони интернет аз Тоҷикистон аз сифати пешниҳоди хизматгузориҳо дар ин самт ҳарчи бештар арзу шикоят мекунанд. Сабаби бад шудани суръати интернетро дар ҷумҳурӣ коршиносон ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ марбут медонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.