Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба болоравии нархи Интернет Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон даъват намудааст.
Дар муроҷиатномае, ки имрӯз 9 ташкилоти ҷамъиятӣ ба имзо расониданианд, бо истинод ба моддаи 1 Конститусияи ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёри ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демокративу дунявӣ барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад”.
“Баланд бардоштани нархи дастрасӣ ба интернет ба як қатор соҳаҳои ҳаёти шаҳрвандон маҳдудият оварда, «фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодна»-ро барои давлат мушкил мегардонад”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Гуфта мешавад, болоравии арзиши интернет ба фаъолияти муассисаҳои таълимиву давлатӣ, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои байнулмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.
“Ҳамчунин бандҳои ин тасмим бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалии ҳукумати Тоҷикистон буда, ба манфиати Тоҷикистону бозори телекоммуникатсионии он дар шароити узвияти кишвар ба Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) таъсири манфӣ мерасонад”, - қайд мешавад дар он.
Муаллифони муроҷиатнома бар ин назаранд, ки боло бурдани тарофаи нархи интернет, бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади аҳолии Тоҷикистон, боиси маҳдуд шудани ҳуқуқҳои асосии инсон мегардад.
Дар ин робита аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ талаб мешавад, ки Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” аз 04 марти соли 2019 бекор карда шавад.
Имрӯз роҳбарони 9 ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», “Ассотсиатсияи опператорҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон”, “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, “Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳо зери ин муроҷиатнома имзо гузоштанианд.
Қобили зикр аст, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо фармоиши худ аз операторони мобилӣ талаб кард, ки арзиши 1 Мб интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам, як дақиқаи зангҳои байнулмилалиро бо шумули алоқаи NGN бе назардошти андозҳо на камтар аз 1 сомонӣ муқаррар намоянд.
Айни замон як гигабайт интернет дар операторони мобилии Тоҷикистон ӣ тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дорад. Аз 27 март нархи он бе назардошти андозҳои ғайримустақим 51 сомонӣ ва бо назардошти ААИ – 18% ва аксиз – 5% на камтар аз 63 сомонӣ (6,7 доллар)-ро ташкил хоҳад дод. Ин маънои онро дорад, ки интернет дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба қимат мешавад.
Ҳамчунин тибқи ин фармоиш, алоқа тариқи NGN низ дар Тоҷикистон гарон мешавад, яъне гуфтугӯҳо тавассути ин замима 10 баробар аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ боло мераванд.
Зангҳои дохили шабакаи операторони мобилӣ низ гарон мешаванд: агар қаблан як дақиқаи гуфтугӯ дар дохили шабакаи операторони Тоҷикистон тақрибан 1 дирам нарх дошт, акнун арзиши онҳо бо назардошти ААИ ва аксиз тақрибан 12,3 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин тағйиротҳо ба ҶСК “Тоҷиктелеком” дахл надоранд.
Дар зер матни пурраи муроҷиатномаро манзуратон мегардонем:
Ба Хадамоти зиддиинҳисории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам Саъдӣ Қодирзода,
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба Шумо ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд муроҷиат менамоем.
Мо меҳисобем, ки Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” аз 04 марти соли 2019, таҳти № 31 (минбаъд Фармоиш) ба як қатор қонунвайрокуниҳо дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, муроҷиати шаҳрвандон, алоқаи барқӣ, ҳимояи рақобат роҳ кушода, ҳамзамон дар риояи талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, алалхусус ҳадафи аввал «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзити коммуникатсионии минтақа» ва ҳадафи чорум «саноатикунонии мамлакат» монеаҳо бунёд мекунад.
Мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии мо ҳамчун давлати соҳибихтиёри ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демокративу дунявӣ барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад. Баланд бардоштани нархи дастрасӣ ба интернет ба як қатор соҳаҳои ҳаёти шаҳрвандон маҳдудият оварда, «фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодна»-ро барои давлат мушкил мегардонад. Маҳз ба хотири бунёди чунин шароит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи асосиашон татбиқи иқтидори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК) баҳри рушди кишвар мебошад. Чанде аз ин санадҳо, аз ҷумла Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ин асноди муҳим чор ташкилкунандаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин муайян кардаанд: «..... ташкилкунандаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот - аз риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи дастрасӣ ба иттилоот ва истифодаи он, таъмини тозагии маънавии ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани арзишҳои ахлоқии ҷамъият, анъанаҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, иқтидори маданӣ ва илмии мамлакат иборат аст», «.... ташкилкунандаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот ҳимояи захираҳои иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъминн амнияти системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохташуда ва ҳам сохташавандаро дар бар мегирад.» (Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Дар соҳаи маориф ва илм бошад Интернет ва дигар ТИК-и рақамӣ ҳамчун заминаву воситаи таҳсилоти самаранок ва фарогир шинохта шудааст. Дар баробари барномаҳои давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз соли 2003 оғоз гардида, якчанд марҳилааш бо шумули пайвастани онҳо ба шабакаи Интернет татбиқ шудааст, қадами дигари ҷиддии давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ин татбиқи таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун ҷойгузини таҳсилоти ғоибона мебошад. Аллакай муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифода аз ҳамин иқдом қисман ё пурра низоми таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ мондаанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шахсони ҳавасманди таҳсил дар муассиссаҳои ватанӣ имкони дастрасӣ ба маълумоти олиро новобаста аз макони зисту фаъолият тавассути шабакаи Интернет фароҳам меоваранд. Дастрасии боэътимод ба Интернети арзон кафолати таҳсили ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷии берун аз марзи кишварро таъмин карда метавонад.
Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки расидан ба 4 ҳадафи стратегии Тоҷикистонро бе Интернет таъмин кардан амри маҳол аст. Қуноне, ки медонед чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон инҳоянд: Аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ то ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ; Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитии минтақа; Таъмин кардани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; Саноатикунонии кишвар (Таҳлилро метавонед дар замима дастрас намоед);
Соҳаи тандурустӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои терапевтии муолиҷа; Соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: дастрасӣ ба меҳнат ва шуғлият дар мамлакатҳои дигар; Соҳаи дастрасӣ ба иттилоот: воситаи асосии аллоқа ва дастрасӣ ба иттилоот дар сатҳи ҷаҳонӣ; Соҳаи иқтисодӣ: Дар ҳоли ҷаҳонишавии иқтисоди бозаргонӣ, замоне ки ТИК сарҳадҳоро аз миён мебардорад, ҳар тасмими нодуруст метавонад иқтисоди кишварро аз ҳиссаи худаш дар бозор ба фоидаи кишварҳои дигар ё дигар ширкатҳои байналмилалӣ маҳрум намояд.
Соҳаи дастрасӣ ба иттилоот ва озодии баён: Интернет ба шахсони алоҳида имконияти амалӣ намудани озодии баён дода, ҳамин тавр ҳуқуқи шахсиро барои озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла ҳангоми муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти идоракуқнии давлатӣ ва дигар мақомоти иҷроия, судӣ ва ҳокимияти қонунгузор, ҳимоя менамояд.
Дастрасии озод ба Интернет дар маърузаи намояндаи махсуси СММ- Франк Ла РЮ (Эъломияи СММ аз 03 июни соли 2011) ба яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон баробар дониста шудааст. Ба ақидаи муаллифи маъруза, Итернет дар асри XXI ба яке аз абзорҳои қавитарини татбиқи ҳуқуқи инсон ва таъмини шаффофияти ҳокимияти давлатӣ табдил ёфт: “Дар роҳи иттилот дар Интернет бояд монеаҳо ҳар қадар ки имкон ҳаст, камтар бошанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ҷудогона, истисноӣ ва муайяни махсус, мутобиқ бо конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон мегардад.
Мо чунин меҳисобем, ки боло бурдани тарофаи нархи интернет, бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисто, боиси маҳдуд шудани ҳуқуқҳои асосии инсон мегардад
Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Иттиҳоди кишварҳои мустақил оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ в Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аст. Дар моддаи 11 – конвенсияи мазкур, моддаи 19- Паймон ва моддаи 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадаст: “ Ҳар кас ҳуқуқи озодии эътиқод ва ҳуқуқи баёни онро дорад; ин ҳуқуқ аз бе мамонияти нигоҳ доштани эътиқод, озодона ҷустан, гирифтан ва паҳн намудани маълумот ва ғояҳо ба ҳар воситае, ки бошад ва сарфи назар аз сарҳадҳои давлатӣ иборат аст” . Ҳамин тавр, мо уҳдадориҳо барои иҷрои меъёрҳои муоҳидпаҳои байналмилалӣ қабул намудаем.
Дар Мулоҳизаҳои тартиби умумӣ таҳти рақами № 34, моддаи 19: озодии андеша ва баёни он, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқ дар нишасти 102-аш (Женева, 11-29 июли соли 2011) қайд намуда, ки ба қолаби баёни андеша ва дастрасӣ ба иттилоот, ҳамаи воситаҳои баён: элетронӣ, аудиовизуалӣ ва бо фанновариҳои Интернет асосёфта, дохил мешаванд.
Бо ноил гаштан ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) моҳи марти 2013 Тоҷикиcтон уҳдадориҳоеро ба дӯши худ гирифт, ки ба соҳаи телекоммуникатсия таъсири мустақим доранд ва иҷрои онҳо мавқеи бозори ватаниро дар минтақаву ҷаҳон мустаҳкам гардонида метавонанд. Масалан, созишномаи умумӣ дар бораи тиҷорат дар хизматрасониҳо (СУТХ/GATS) яке аз талаботи СҶС мебошад, ки ҳадафаш мусоидат намудан ба савдои озод дар хизматрасониҳо мебошад.
Нигаронии мо ҳамчунин иборат аз он аст, ки татбиқи бандҳои ҳамин тасмим бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистон буда, ба манфиати Тоҷикистону бозори телекоммуникатсионии он дар шароити узвияти кишвар ба Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) таъсири манфӣ мерасонад.
Дар баробари поймол гаштани меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамчунин, талаботи як қатор меъёрҳои қонунгузории миллӣ дағалона вайрон мегарданд, аз ҷумла талаботи бобҳои 26-28, моддаҳои 456 - 803 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 15 и 21, 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», моддаҳои 4 ва 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», моддаҳои 3, 6 ва 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ”, банди 5 Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои фароҳамоварии хизматрасонии Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пешбурди Портали интернетии (бандҳои 2 ва 3) ва ғ.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба қонунгузории амалкунандаи ҷқмҳурӣ ихтилоф дорад, балки ҳамчунин ба рушди ТИК дар мамлакат таъсир мерасонад ва ҳамзамон тиҷоратро коҳиш медиҳад ва маҷзубияти сармоягузорӣ дар кишварро бад мекунад.
Бо назардошти пешгуиҳои боло метавон ҳадс зад, ки бозориТИК самти худро дигаргун мекунад ва кишварҳое, ки аз фанновариҳо қафо мемонанд сол то сол ҳиссаи бозорашонро аз даст медиҳанд. Бо ҷаҳонишавии бозор дар 10 соли оянда на ширкатҳо дар дохили кишвар бо ҳам рақобат мекунанд, балки рақобат дар сатҳи кишварҳо дар бозори ҷаҳони барои ҳар як тини корбар, сарфи назар аз макони корбар ва провайдери хидматрасон, сурат мегирад. Кумитаи зиддинҳисорӣ бо додани афзалият танҳо ба яке аз ширкатҳо рушди бозори телекоммукатсиони ва чун натиҷа кулии иқтисоди кишварро зери хатар мегузорад
Дар баланд бардоштани соҳаи иҷтимоӣ ва ҳаёту зидагии мардум, ҳамчун шароитҳои инкишоф дар Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шудаанд, таъсири номусоиди худро мегузорад.
Бинобар суханони дар боло зикршуда, тибқи талаботи моддаи моддаҳои 7, 8, 10, 13, 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои риояи принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардўстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс ва рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот – кафолати давлатии шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, таъмин намуда, Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” аз 04 марти соли 2019, таҳти № 31 қабул шударо бекор намоед.
Бо истифода аз фурсати муносиб, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳтироми худро ба Шумо изҳор намуда ба ҳамкориҳои судманди минбаъда умедвор мебошем.
Замима №1:Таҳлили иқтисодӣ дар ҳаҷми 4 (чор) саҳифа.
Ба сифати шахсонии масъул дар мукотибот аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунад:
1. ТҶ «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», Сарвари иҷроия М.Ибодуллоев, телефон барои тамос: +992 _______________ _____________
(ҷ.м.)
2. ТҶ “Маркази технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ” Сарвари иҷроия Талат Нумонов, телефон барои тамос: +992 _____________ _____________
(ҷ.м.)
3. ТҶ “Ассотсиатсияи опператорҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон”, Роҳбар Ғафур Иркаев, телефон барои тамос: +992 ________________ ______________
(ҷ.м.)
4. ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, Сарвари иҷроия Ш.Давлатова телефон барои тамос: +992 _____________ ________________
(ҷ.м.)
5. ТҶ “Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Сарвари иҷроия
Н. Қаршибоев, телефон барои тамос: +992 ____________ ________________
(ҷ.м.)
6. ТҶ “Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон” Сарвари иҷроия Илҳом Абидов, телефон барои тамос: +992 _______________ _________________
(ҷ.м.)
7. ТҶ «Имкониятҳои баробар», Сарвари иҷроия Фариштамоҳ Гулова,
телефон барои тамос: +992 _________________ _________________
(ҷ.м.)
8. ТҶ “Баробарӣ”, Сарвари иҷроия Меҳрангез Ҷабборова,
телефон барои тамос: +992 _________________ ________________
(ҷ.м.)
9. Анҷумани соҳибкорони хурду миёна, Роҳбар Матлуба Улҷабоева,
телефон барои тамос: +992 __________________ __________________
(ҷ.м.)
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиатамон бо тариқи хаттӣ огоҳ намоед.
Бо камоли эҳтиром намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коргузорон, мутахассион ва шаҳрвандене ки бетараф нестанд".
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
В Таджикистане создали приложение, которое поможет туристам исследовать страну
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
В Таджикистане определились с налогоплательщиками – льготниками на 2025 год
Душанбе занял 216-е место в рейтинге лучших городов для экспатов
В Канибадаме обнаружены тела ещё четырёх человек - членов двух семей
За распространение психотропных препаратов в Душанбе задержали пять человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста