Операторони алоқаи мобилӣ кӯшиш доранд, ки ба ҳар гунае ба бозбинии фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи болоравии нархҳо ба интернети мобилӣ ё то ба ҳадди ақал расонидани ин болоравӣ мусоидат кунанд.
Айни замон пешниҳоди болоравии нарх ба хизматгузориҳои мобилӣ на ба андозаи 2-3 баробар, балки 50% мавриди баррасӣ қарор дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ин масъала.
“Операторон барои ҳимояи муштариён аз беҳад болоравии нархҳо ба хизматрасониҳои мобилӣ хеле зиёд талош доранд. Онҳо бо Хадамоти зиддиниҳосиорӣ ва ҳукумат дар ин маврид фаъолона гуфтушунид ва ҳамкорӣ доранд. Маълум нест, ки ин қабул мешавад ё не. Ман фикр дорам, ки то санаи 1 апрел як равшание доир ба ин масъала рӯйи кор меояд”, - гуфт манбаъ.
Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддинҳисорӣ, аз 27 март операторони мобилӣ бояд ба интернети мобилӣ тарифҳои нав муқаррар созанд: 1 Мб – на камтар аз 5 дирам. Яъне нархи 1 гигабайти интернет бояд 2-3,5 маротиба боло равад. Ҳамчунин тибқи ин фармоиш, болоравии арзиши гуфтугӯ тариқи NGN 10 баробар – аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ ва зангҳои дохили шабака – аз 1 дирам то ба 12 дирам пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 26 март Вазорати адлияи Тоҷикистон изҳор намуд, ки Фармоиши зикршудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар рӯйхати Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, мутаносибан барои танзими нархҳо ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ асос шуда наметавонад.
Лекин рӯзи 27 март дар Хадамоти зиддинҳисорӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки ин ниҳод ба қайди дастуру фармоишҳои худ дар феҳристи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ уҳдадор нест.
“Мо танҳо баъзе санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дар он ҷо ба қайд мегузорем. Васоити ахбори умум дар бораи изҳороти Вазорати адлия дар ин робита иттилоъ доданд, лекин мо нисбати ин Вазорат ҳеҷ даъвое надорем, чунки ҳеҷ мактубе ин ниҳод ба мо нафиристодааст” - хабар дода буданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев дар шарҳи ин изҳороти Хадамоти зиддиинҳисорӣ зикр кард, ки онҳо ба қайди фармоишҳои худ уҳдадор нестанд, агар онҳо хусусияти инфиродӣ дошта бошанд, яъне нисбати субъекти мушаххас содир шуда бошанд.
“Вале ин фармоиш умумиҳатмӣ буда, бояд ба қайд гирифта шавад”, - зикр карда буд ҳуқуқшинос.
Дар Хадамот қайд карданд, ки фармоиш дар бораи болоравии тарифҳо ба интернети мобилӣ аллакай мавриди амал қарор гирифта, ширкатҳои мобилӣ ба иҷрои он уҳдадоранд. Лекин операторони мобилӣ то ҳанӯз ба иҷрои он шитоб надоранд.
Интизорӣ мерафт, ки масъалаи арзиши интернет ба таври ниҳоӣ дар маҷлиси рӯзи 28 марти ҳукумат ҳаллу фасл мешавад, лекин маълум нест, ки ин масъала дар он ҷо баррасӣ шуда бошад ё не.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как подорожание майонеза в России повлияет на рынок Таджикистана?
«Таджикского Терминатора» задушили. Фаридун Одилов уступил россиянину Ибрагимову
Мигрантам в Волгоградской области запретили работать врачами, учителями и водителями
Между Черным и Азовским морями потерпели крушение два танкера с мазутом. Это экологическая катастрофа?
Таджикский боец Доробшох Наботов не смог попасть в UFC. Кто ему помешал?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 декабря 2024 года
Как справиться с предновогодним стрессом: советы врача
Страсть к скорости. Как таджикский гонщик покорил Поднебесную
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста