Маҳина Ғаниеваи 9-сола аз Тоҷикистон ба амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рошид барои ҷарроҳии дилаш, ки маблағи он аз ҳисоби фонди ӯ пардохт шуд, миннатдорӣ изҳор намуд, меависад khaleejtimes.
Маҳина Ғаниева яке аз 70 миллион нафаронест, ки дар доираи Ташаббусҳои глобалии Муҳаммад бин Рошид (MBRGI) ба ӯ кумак расонида шуд. Духтарча аз бемории қалб азият мекашид.
“Ман ба шайх ва фонди ӯ миннатдорӣ изҳор мекунам. Ҳозир худамро хеле хуб ҳис мекунам ва хушбахтам”, - гуфт Маҳина зимни суханрониаш дар толор ҳангоми ҳисоботи солона дар бораи Ташаббусҳои глобалии Муҳаммад бин Рошид.
Дар маълумоти нашрия қайд мешавад, ки лаҳзаи пурэҳсос дар ин маросим он буд, ки духтарчаи тоҷик наҷотдиҳандаашро ба оғӯш кашиду бӯсид.
“Пас аз миннатдории Маҳина дар толор шайх Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, амири Дубай, ноиби президент ва сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ӯро ба оғӯш гирифт. Духтарча амирро сахт дар оғӯш дошт, ки хеле саҳнаи пурэҳсос буд”, - хабар медиҳад khaleejtimes.
Гуфта мешавад, пас аз ифтор шайх Муҳаммад бори дигар назди Маҳина омада, ӯро ба оғӯш гирифта, аз пешонааш бӯсид ва ба духтарча сӯзанаки худро тақдим кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста