Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нимаи аввали сол занон дар вилояти Суғд 219 қонуншиканӣ зиёдтар кардаанд.
Роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки давоми шаш моҳ аз ҷониби занон 556 ҷиноят содир шуда, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ байни занон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шудааст.
“Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби занон 142 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79 ҳолат бештар аст”, - қайд кард ӯ.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар баробари афзоиши ҷинояткорӣ миёни занон, зиёдшавии ҳолатҳои худкшӣ низ байни занон ба қайд гирифта шуда, ба сурати умум давоми ним сол 62 ҳодисаи худкушӣ рух додааст, ки дар муқоиса бо ним соли гузашта 11 ҳолат зиёдтар аст.
“Мутаассифона, дар 12 ҳолат духтарони ноболиғ даст ба худкушӣ заданд, - изҳор дошт Нигора Ғаффорзода.
Роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти миёни сабабҳои аслии даст ба худкушӣ задани занонро зӯроварӣ дар оила номбар карда, изҳор намуд, ки дар мубориза бо ин падидаи манфӣ фаъолияти Кумитаи дахлдор дар ин самт кофӣ набуда, дар ин маврид дастаҷамъона фаъолият кардан лозим аст.
“Дар сохторҳои кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ ду нафарӣ кор мекунанд, ки табиист, ба ҳалли тамоми мушкилоти маҷудаи занону оилаҳо қодир нестанд. Дар ин самт талоши ҳамаи аҳли ҷомеа зарур аст, ба ин масъала ҷомеа набояд бетараф бошад”, - илова намуд Ғаффорзода.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста