Дар шаҳри Тошканд маҷлиси таъсисотии ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистону Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон дар кишвари ҳамсоя ширкат варзиданд.
Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев якдилона раиси ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистону Тоҷикистон” интихоб шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар маҷлис зарурати таҳкими муносибатҳои ду кишвар тавассути дипломатияи мардумӣ - роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои фарҳангу ҳунар ва илму маориф таъкид шуд.
Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли гузашта Шавкат Ҳамроев барои саҳми босазо дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек бо ордени “Шараф” дараҷаи I қадршиносӣ гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста