Гурӯҳи аввали шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар макони муқаддаси Ислом маросими адои ҳаҷро иҷро мекунанд, рӯзи 18 август ба ватан бармегарданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.
“Имрӯз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Арабистону Саудӣ маросими адои ҳаҷро ба ҷо меоранд, зиндаву саломат буда, ҳамаи ҳоҷиҳои ояндаи тоҷикистонӣ то охири моҳи август ба ватан бармегарданд”, - қайд карданд дар Кумита.
Пеш аз бозгашти зойирин ба кишвар намояндагони Кумита дар шаҳрҳои Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат карда, меъёрҳои қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки мувофиқи он, расму оин ва маъракаҳо оид ба гуселу пешвози зойирин танҳо дар доираи аҳли оила сурат мегирад.
“Дар қонун ташкили маъракаҳое ба мисли «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ» манъ шудааст. Тақсими оби муқаддаси “Зам-зам” ва хурмо ҳеҷ бадие надорад. Сокинон ҳоҷиёнро бо анҷоми муваффақонаи маросими адои ҳаҷ табрик карда метавонанд”, - гуфт манбаъ.
Чун солҳои пешин имсол низ ҳудуди 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегарданд. Соли равон арзиши ҳаҷ 35 ҳазору 138 сомонӣ ва соли гузашта 33,4 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2016 дар Тоҷикистон бобати ба квотаи сафари ҳаҷ дохил накардани шахсони синнашон поинтар аз 40-сола қарор қабул шуд. Кумитаи дин ба ин васила масъалаи навбатпойии хеле зиёд барои адои маросими ҳаҷро ҳал карданӣ буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста