Ҳунарманди маъруфи театру синамои Русия Павел Деревяко дар навори видеои 12-дақиқаӣ таҳти унвони “Озодӣ ба ҳама!” нақши Самариддинро иҷро кард.

Павел Деревяко ва чанде аз дигар ҳунармандони рус аз иштирокдорони парвандаи марбут ба бетартибиҳои оммавӣ дар гирдиҳамоии мувофиқанашудаи рӯзи 27-уми июл дар Маскав пуштибонӣ карданд. Онҳо нақши 11 нафар айбдоршавандаҳоро бозида, аз номи онҳо саргузашташонро қисса намуданд. Матн аз рӯйи санади сабт (стенограмма)-и гуфтаҳои онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ ва мусоҳибаи айбдоршавандагони “Парвандаи Маскав” таҳия шудааст.

“Дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) таблиғи шадиди усули зиндагии дуздон вуҷуд дорад. Дар ин ҷо ҳар қадар бештар монам, ҳамон андоза ба ин усули зиндагӣ фурӯ меравам. Ин хеле сахт аст. Ман намехоҳам ин ҷо бошам. Мехоҳам дар хона бишинам”, - мегӯяд Деревяко дар нақши Самариддин.

Зодаи 21-солаи Тоҷикистон дар бенизомии оммавӣ (тибқи моддаи 212, қ. 2 ба ӯ то 8 соли зиндон таҳдид мекунад) ҳангоми гирдиҳамоии иҷозанашуда дар робита ба интихоботи Думаи давлатӣ айбдор карда мешавад.

Тибқи фарзияи тафтишот, ӯ ба сӯйи корманди Росгвардия зарфи обро партофта, он ба гардани афсар бархӯрдаааст.

Худи корманди Росгвардия мегӯяд, надидааст, ки маҳз кӣ ба сӯйи ӯ зарфи обро партофтааст.

Айни замон Раҷабов дар СИЗО-и “Матросская тишина”-и Маскав нигаҳдорӣ мешавад. Ҳимоятгари ӯ мегӯяд, “руҳияи Самариддин хуб асту ба навиштани матнҳои нави рэп машғул аст». Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.