Имрӯз, 22-юми октябр Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросими тақдими таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия ба Фурудгоҳи байнулмиллалии Душанбе иштирок кард. 

Бино ба иттилоияи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон, таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Тоҷикистон хайрия шудааст. 

Таҷҳизот аз тарафи Хадамоти давлатии гумруки ҶТ истифода ва хизматрасонӣ шуда, барои мубориза бар зидди қочоқи маводи ҳастаӣ мусоидат мекунад, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Гуфта мешавад, ки аз соли 2013 инҷониб Идораи муайянкунанадаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) беш аз 2,7 миллион доллари ИМА-ро барои дастгирии кӯшишҳои мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиологӣ харҷ кардааст. Дар давоми ин муддат NSDD Тоҷикистонро бо 8 адад системаи муайянсозӣ ва 4 адад борхалта барои муайян кардани радиатсия таъмин намудааст.

1/10

Тавре ба “Азия-Плюс” сарнозири Кумитаи гумрук Фирӯз Саидалиев хабар дод, дар фурудгоҳи пойтахт 13 адад мониторҳои порталии радиатсионӣ гузошта шудааст.

- Ин дастгоҳи мукаммали дохилӣ буда, ба таъмини назорат ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ тариқи сарҳад мусоидат мекунад, - гуфт Саидалиев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.