Собиқадори ҷангу меҳнат, охирин иштирокчии марди Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Хуҷанд Қориҷон Аҳмадов дар синни 98-солагӣ аз олам даргузашт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, марҳум дар синни 18-солагӣ баробари ҳазорон тоҷикистонӣ ба фронт сафарбар шуда буд. Дар майдони ҷанг борҳо ҷароҳат бардошта, дар госпиталҳои ҳарбӣ табобат гирифтааст. Ӯ дар муҳорибаи пуршиддати Сталинград ва озодкунии шаҳрҳои Киев, Житомир, Ҷумҳуриҳои Чехословакия, Полша ва Австрия иштирок кардааст.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ як иштирокчии зани ҶБВ боқӣ мондааст, ки Малина Рабича ном дорад. Аз миёни мардон собиқадори охирин Қориҷон Аҳмадов буд.
Солҳои 1941-1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Хуҷанд 12 ҳазор кас иштирок карда, аз ин шумор 1540 нафарашон беному нишон шудаанд. Аз ин шаҳр 2 нафар дорандаи унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 2 нафар дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд.
Субҳи имрӯз раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба пайвандони марҳум арзи таслияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро расонд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста