Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Қосимовро субҳи 9-уми ноябр аз хонаашон дастгир карда, ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Ӯ дар ин рӯз 18-сола шуд.
“Хоб будем. Дар тақ-тақ шуд. Омада, гуфтанд, ҳама ҷоро месанҷем, - нақл кард ба “Азия-Плюс” Наим, додари Насимҷон. - Акаам ба онҳо гуфт, ки дарро модарам аз берун қулф карда, рафтааст ва рӯзи душанбе меояд. Онҳо қулфро шикаста, ба хона даромаданд”.
Ҳамсояҳо аз ин ҳодиса дар ҳайрат буда, мегӯянд, байни онҳо кормандони ҷамоатро шинохтаанд ва як зан ҳам будааст.
“Чаро одамро бо чунин тарз, дар набудани модараш мегиранд? Магар ба хизмати ҳарбӣ ҳамин тавр бурдан дуруст аст? Мо ҳам мехоҳем, ки фарзандонамон ба хизмат раванд, лекин на бо чунин тарз. Ман се набера дорам ва намехоҳам, ки онҳоро ин хел ба хизмат баранд”, - мегӯяд ҳамсоязан Мавлуда Саидова.
Ҷойи хизмати Насим аллакай муайян шудааст. Ба гуфтаи волидон, писари онҳоро барои адои хизмат ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Панҷ фиристодаанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ 70% иҷро шудааст. То анҷоми маъракаи даъвати тирамоҳӣ се ҳафтаи дигар мондааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста