Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи таваққуфгоҳҳои муосири бисёрсатҳаро барои мошинҳо таҳия кардааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, таваққуфгоҳҳо ояндаи наздик дар минтақаҳои гуногуни шаҳр сохта мешаванд.
Иншооти мазкур барои бартараф кардани мушкилоти дар кӯчаву ҳавлиҳои назди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои муқаррарнашуда ба муддати тӯлонӣ гузоштани автомашинаҳо бунёд мегардад.
Таваққуфгоҳҳо бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, нуқтаҳои шустани мошинҳо ва посбонии шабонарӯзӣ таъмин мешаванд.
“Таваққуфгоҳҳои аз чор то шашошёна дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт бо назардошти шумори автомашинаҳои дар онҳо сабтшуда сохта мешаванд”, - қайд кард манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаҳои таваққуфгоҳҳо дар шаҳрдорӣ мавриди баррасӣ қарор дошта, пас аз тасдиқ сохтмони онҳо оғоз мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста