Бистумин солрӯзи таъсиси рӯзномаи Asia-Plus баҳонаи хубест барои арҷгузорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар сутӯҳ ва аркони мухталифи ин рӯзномаи пурмухотаб бо саъю талош машғули коранд.
Матбуот ҳамеша сарфи назар аз мавзеъгирияш имкон дорад, кори рӯшангариро анҷом диҳад. Интишори матбуот ва расонаҳо дар солҳои охир натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар соири кишварҳо бо мушкилоти зиёди мавҷуда рӯ ба рӯ шудааст, кори рӯзноманигориро дар минтақаҳо ба маротиб душвортар кардааст.
Вале бо вуҷуди ин ҳайати эҷодӣ ва техникии ҳирфаӣ дар рӯзномаи Asia-Plus даст ба кор ҳастанд. Умедворем, даҳсолаҳои дигар дар майдони қаламкашӣ пештоз хоҳанд монд.
Устуворӣ, собитқадамӣ ва талоши ҳамешагӣ барои тавлиди як рӯзномаи ҷолиб, ки қобили эътимоди ҳазорҳо хонандагон дар минтақа ва саросари кишвар шудааст, кори саҳлу соддае нест.
Ин дар ҳолест, ки бо омадани расонаҳои нав имкони пешгомии расонаҳои суннатӣ, хусусан, расонаҳои чопӣ дар расонидани хабару иттилоъ аз миён рафт ва рӯзномаҳои зиёд рӯй ба таҳлил ва тафсири ҳодисаву рӯйдод овардаанд.
Матубот дар тамоми даврони ҳузури худ, хусусан, дар ин давраи фанновариҳои иттилоотӣ бо ҷаҳди тамом масъалаҳои муҳиму дардноки ҷомеаро пайгирӣ мекунад.
Итминон дорам, дар пушти ин сахткӯшӣ дилҳои ошиқе қарор доранд, ки барои сарбаландии Тоҷикистон метапанд ва сахтиҳои кори расонанигорӣ ва рӯзноманигориро таҳаммул мекунанд.
Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон 20-умин солгарди интишори рӯзномаи Asia-Plus-ро ба кулли хонандагон ва ҳаводоронаш табрику таҳният мегӯяд.
Барои Шумо – аҳли эҷоди рузномаи Asia-Plus дар фатҳи ин ҳаракати фарҳангӣ орзуи муваффақият, пирӯзӣ, сарбаландӣ дорем ва умедворем, ки бо нашри мақолаву маводи ҳирфаӣ, коршиносона, дархӯри замон ҳамеша мавқеи худро дар майдони матбуоти тоҷик хоҳед дошт. Умедворем, ки ҳамчун узви Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон минбаъд ҳам назокатҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои фаъолияти касбии рӯзноманигориро ба унвони яке аз аслҳои рӯзноманигории босифат ҳамеша риоят мекунед.
Бо арҷ Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе стартовали предновогодние ярмарки с продуктами по сниженным ценам
Кто они – новые заместители Эмомали Рахмона в НДПТ?
УМВД: В компьютерном центре в Душанбе подростки употребляли наркотики
Президент Грузии Саломе Зурабишвили отказалась уходить с поста и потребовала назначить новые выборы парламента
Трамп: «Правительство США будет признавать только два пола – мужской и женский»
Таджикские дзюдоисты завоевали медали на международном турнире Russian Judo Tour
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 декабря 2024 года
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста