Соати 07:00-и субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 54 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Ухани Чин ба Душанбе овард.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, ҳавопаймо дар фурудгоҳи Айнӣ ба замин нишастааст.
Ҳамаи ин шаҳрвандонро бо табибону кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҶТ, ки онҳоро ҳамроҳӣ карданд, муддати 14 рӯз дар карантин нигоҳ медоранд.
“Муддати ин рӯзҳо онҳо дар осоишгоҳи “Харангон”, воқеъ дар 15 километрии шимоли Душанбе қарор хоҳанд дошт”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.
Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 10-уми феврал бо мақсади аз Чин ба ватан овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Ухани ин кишвар парвоз кард. Бо ҳамин ҳавопаймо инчунин кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон ба Чин расонида шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби хуруҷи коронавируси нав дар Чин ба ватан интиқол дода шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста