Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав пас аз чанд рӯз – то 15-уми феврал омода мешавад.
“Пеш аз фиристодани ин ҳуҷҷат ба ҳукумат, он бояд бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ бори дигар мавриди баррасии гурӯҳҳои корӣ қарор гирад”, - қайд кард вазир.
Ба гуфтаи ӯ, санади мазкур бояд то моҳи сентябри соли равон пурра омода гардад, то ки бар асоси он буҷет барои соли 2021 таҳия шавад.
Қаҳҳорзода таъкид дошт, ки зимни таҳияи санад гурӯҳи кории омодасозии лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки ба ҳайати он ҳамчунин мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ шомил гардида буданд, пешниҳодоти андозсупорандагон, аз ҷумла, бахши хусусиро ба инобат гирифтанд.
“Мо ба андозсупорандагон пешниҳод кардем, ки дар мавриди такмили қонунгузорӣ дар соҳаи андоз пешниҳодоти худро ба гурӯҳҳои корӣ фиристанд. Ҳамагӣ беш аз 500 пешниҳод гирифтем”, - иброз дошт вазир.
Ёдрас мекунем, моҳи майи соли гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия шавад.
Аз қабули Кодекси андози ҳозира ҳамагӣ шаш сол сипарӣ шуда, он 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифта буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста