Се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон бо даъвати ҳукумати Русия дар ҷашнҳо бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов хабар дод, собиқадорон Мирзо Бегамовро аз Кӯлоб, Шариф Ғафуровро аз Хуҷанд писаронашон Музаффар ва Тоҳир, собиқадори ҷанг аз шаҳри Турсунзода Назар Ашӯровро наберааш Ҷаҳонгир дар сафар ҳамроҳӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 184 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Маскав рӯзи 9 май иштирок мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумат хабар доданд, ӯ ҳамчунин дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 8 май дар Маскав баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Аз Тоҷикистон давоми солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳаи набард рафтанд. Наздики 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок шуда, 55 ҳазор кас бо ордену медалҳо сарфароз гардbданд ва 64 тоҷикистонӣ бо унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав ротаи сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Боз як ротаи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 9 май дар гузашти низомӣ бахшида ба ин ҷашн дар шаҳри Екатеринбурги Русия ширкат меварзад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста